Дар бораи мо
Хуш омадед ба Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, ки бо мақсади гузаронидани курсҳои баландкунии ихтисос барои кормандони соҳаи бонкӣ сохта шудааст. Дар вақти сохтмони Маркази таълимӣ ҳамаи хусусиятҳои ин самт ба назар гирифта шуда, шароитҳои мусоид барои пешвозу ҷойгиркунии меҳмонон ва дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои гуногун фароҳам оварда шудааст.
Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, дар соҳили зебоманзари обанбори Қайроққум “Баҳри тоҷик”ҷойгир гаштааст, ки он дар натиҷаи банд кардани маҷрои оби дарё ва сарбанди бетонии ГЭС-и Қайроққум, ки дарозии он 130м буда, дар фасли тобистон сатҳи об то ба 18м мерасад.
Ҳуҷраҳои Маркази таълимӣ дар 3 бино нишон дода шудааст, ки ғунҷоиши умумии он – 120 касро ташкил дода, дар он телевизиони шабакаҳои моҳпоравӣ, интернет, Wi-Fi мавҷуд аст.
Синфхонаҳои таълимӣ дорои таҷҳизотҳои мултимедӣ мебошад, ки дар он ҷо лексия-сӯҳбатҳо, семинарҳои мавзӯӣ, мизи давра, бозиҳои корӣ, дарсҳои телевизионӣ ва ғ. гузаронидан мумкин аст. Дар ҳудуди Маркази таълимӣ толори Маҷлисгоҳ воқеъ аст, ки он аз 260 ҷои нишаст иборат буда, бо системаҳои овозӣ ва видеоконференс-система, системаи тарҷумаи синхронӣ, ҳуҷҷатноккунӣ, видеопроексияҳо ва инъикос кардан бо баромад ба интернет таҷҳизонида шудааст.
Барои ташкили хӯрок, гузаронидани кофе-брек, зиёфатҳо дар ошхона ба 100 кас ҷой, инчунин толори Зиёфат, толори Каминдор пешниҳод карда мешавад, ки дар он ҷо ошпазҳо барои меҳмонон хӯрокҳои миллӣ ва бо назардошти хоҳишҳои фардӣ таомҳо тайёр менамоянд.
Барои истироҳати фаъолона имкониятҳои васеъ пешниҳод карда мешавад: сайру гашт дар баҳр бо катер, катамаран, гидросикл, толори варзиш барои футболи хурд, баскетбол ва волейбол, толори машқӣ, ки бо зиёда аз 20 намуди лавозимотҳои варзишӣ таҷҳизонида шудааст, тенниси рӯи мизӣ, инчунин корти теннис, майдони футболбозӣ, билярд, ҷои тайёркардашуда барои гузаронидани сайри табиат, ташкил кардани экскурсияҳо ба ҷойҳои таърихии шаҳри Хуҷанд, ки маркази вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.
Барои рафъ кардани мондагӣ ва гарм шудан аз ҳама беҳтар ҳаммоми русӣ ё финӣ мебошад – ҳамаи ин барои истироҳати хушу хотирмон пешниҳод карда мешавад.